Асосхои бехатарии хает (синфи 7) icône

1.0 by Китобхои фаннии точики


Sep 14, 2018

À propos de Асосхои бехатарии хает (синфи 7)

Asoskhoi behatarii hayot (Xingfu 7)

Китоби мазкур барои дарсҳои тарбиявӣ дар муассисаҳои таҳсилоти

умумӣ таҳия шудааст ва роҳбарони синф метавонанд ҳангоми

таҳияи нақшаи корӣ мавзӯъҳои заруриро вобаста ба шароити

маҳал ва синну соли хонандагон аз он интихоб кунанд.

Дар китоб доир ба «Асосҳои бехатарии ҳаёт» ва роҳҳои аз ҳолатҳои

ногувор, фалокатҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нақлиётӣ

ва ғайра маълумот ва тавсияҳо пешниҳод шудааст, ки барои рушди

ҷаҳонбинии хонандагон ва мустаҳкам кардани дониши онҳо

кумак мерасонад.

Ҳар яки мо метавонем дар ин ва ё он нуқтаи сайёраи Замин

бошем. Дар сурати зарури. воситаҳои нақлиёт: ҳавопаймо,

киштӣ, қатораи суръатнок ё автомобилҳо зуд моро

ба ҷойи даркорӣ бурда мерасонанд.

Қисми зиёди кураи Замин аз тарафи инсоният аз худ карда

шудааст ва ин амал давом дорад. Шаҳрҳо бино мешаванд.

роҳҳои нақлиёт, марказҳои калони саноатӣ таъсис меёбанд.

Қариб нисфи аҳолии кураи Замин дар шаҳрҳо зиндагӣ мекунанд.

Дар баробари ин, инсоният наметавонад аз табиат,

воқеаву ҳодисаҳои он худро дар канор нигаҳ бидорад. Барои

мисол, мо ба сайругашти боғ ё ба саёҳати кишвари азизамон

ё ба тамошои мамлакатҳои дур мебароем. баъзе одамони

қавиирода пиёда ё бо дучарха ба кишварҳои дур сафар

мекунанд. Дар вақти саёҳат ё истироҳат ба ҳолати ногувор

афтодани ҳар яки мо аз эҳтимол дур нест. Шояд ба сабабҳои

гуногун гоҳе бо табиати ваҳшӣ як ба як танҳо бимонем.

Тараққиёти ҷомеа барои мо ҳама чиз ҷойи зист, воситаҳои

нақлиёт, иттилоот ва имкониятҳои рушдро муҳайё

кардааст. Аммо агар одам дар табиати «бераҳм» бе маҳсулоти

омода -доруворӣ. сарулибос ва ё бе компас (қутбнамо)

бимонад, худро гум карда. ба воҳима меафтад ва ҳатто ба

ҳалокат расиданаш мумкин аст.

Яке аз вазифаҳои омӯзиши фанни асосҳои бехатарии

ҳаёт дар ҳолатҳои хавфнок ва ғайриодии шароити табиӣ

донистани қоидаҳои зинда мондан ва маҳорату малакаи зарурӣ

мебошад.

Шумо китобро мавриди омӯзиш қарор дода. метавонед

дар бораи вазъиятҳои хатарнок дар шароити танҳоӣ бо табиат,

ки бо онҳо дучор омадани ҳар шахс аз эҳтимол дур

нест, ҳамчунин дар хусуси дар чунин ҳолат чӣ тавр худро

аз оқибатҳои ногувор ҳифз кардан мумкин аст, маълумот

пайдо кунед. Умед аст. ки китоби мазкур ҷиҳати аз бар кардани

дониши нав ба шумо ёрӣ мерасонад. Омӯзиши китоб

3

ба шумо имкон фароҳам меорад. ки ҳангоми рух додани ҳолатҳои

нохуш ба воқеият баҳои дуруст бидиҳед ва аз ҳама

муҳим. барои ҳифзи саломатӣ ва ҳаёти худ хулосаҳои дуруст

қабул кунед.

Бо китоб чӣ тавр кор кардан мумкин аст?

Мундариҷаи китобро бодиққат хонед. Номгӯи мавзӯъҳо

ба шумо барои ҳарчи зудтар ёфтани маводди зарурӣ кумак

мерасонад.

Дар вақти мутолиаи китоб бо мафҳум ва истилоҳҳои нав

вомехӯред, ки онҳоро бояд ҳатман дар хотир нигоҳ доред.

Баъди ҳар қисмат «Савол» ва «Супориш» дода шудааст,

ки онҳо барои санчиши дониш. мустаҳкам кардани малакаю

маҳорати шумо ёрӣ мерасонанд.

Quoi de neuf dans la dernière version 1.0

Last updated on Sep 14, 2018

Minor bug fixes and improvements. Install or update to the newest version to check it out!

Chargement de la traduction...

Informations Application supplémentaires

Dernière version

Demande Асосхои бехатарии хает (синфи 7) mise à jour 1.0

Telechargé par

Anita Chaulagain

Nécessite Android

Android 4.0+

Voir plus

Асосхои бехатарии хает (синфи 7) Captures d'écran

Charegement du commentaire...
Langues
Recherche en cours...
Abonnez-vous à APKPure
Soyez le premier à avoir accès à la sortie précoce, aux nouvelles et aux guides des meilleurs jeux et applications Android.
Non merci
S'inscrire
Abonné avec succès!
Vous êtes maintenant souscrit à APKPure.
Abonnez-vous à APKPure
Soyez le premier à avoir accès à la sortie précoce, aux nouvelles et aux guides des meilleurs jeux et applications Android.
Non merci
S'inscrire
Succès!
Vous êtes maintenant souscrit à notre newsletter.