Асосхои иктисодиет (синфи 11) icône

1.0 by Китобхои фаннии точики


Sep 3, 2018

À propos de Асосхои иктисодиет (синфи 11)

Asoskhoi iktisodiet (Xingfu 11)

Фанни иқтисодиёт дар кулли муассисаҳои таҳсилоти умумии дунё

таълим дода мешавад. Агарчи барномаи ин фан дар ҳамаи кишвархо

якхела нест, амалан ҳамаи барномаҳо ба омӯзиши масъалаҳои асосии

иқтисодиёт: истеҳсолот, мубодила, тақсимот ва истеъмолот равона карда

шудаанд. Дар баробари инкишофи хоҷагии ҷаҳонӣ ва ба вуҷуд омадани

тағйироти куллй дар ҷаҳони муосир бо мақсади боз ҳам беҳтар гардонидани

таълиму тарбияи наели наврас зарурати таҳия ва пешниҳоди

китоби нави дарсй барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба миён омад.

Дар шароити муосири иҷтимой ва иқтисодӣ таълими фаннитасосҳои

иқтисодиёт дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ мавқеи махсусро касб карда,

он ба ташаккул ёфтани тафаккури иқтисодии хонандагон ва аз тарафи

онҳо оқилона истифода карда тавонистани донишҳои иқтисодй, ба

вуҷуд овардани заминахо барои таҳсилоти минбаъдаи касбӣ, фаъолияти

амалии ба мақсад мувофиқ ва самаранок нигаронида шудааст. Дар баробари

дигар кишварҳои дунё, ин фан дар мактабҳои миёнаи умумй ва

миёнаи махсуси Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таълим дода мешавад, аммо

мутаассифона, ҳаводорони омӯзиши ин фанни ҳаётан муҳимро мушкилоти

сахте ба мисли набудани китоби дарсй бо забони давлатӣ (тоҷикӣ)

ҳамеша домангир аст. Ҳадафи асосии таҳияи китоби мазкур ҳалли мушкилоти

хонандагон оид ба омӯзиши асосҳои иқтисодиёт мебошад, зеро

инсони аз нигоҳи иқтисодй босавод, қобилияти на танҳо пешниҳод кардани

ғояҳои нав, балки, муайян кардани вариантҳои имконпазир, қабули

қарорҳои самаранокро дар шароити маҳдудияти захираҳо дошта

метавонад. Дар баробари ин китоби мазкур барои толибилмоне, ки дар

оянда хоҳиши интихоб кардани касбу ихтисосҳои ба иқтисодиёт вобастабударо

доранд, кӯмак мекунад.

Азнавсозиҳои иқтисодй дар ҷумҳурӣ аз хонандагон тақозо менамояд,

ки дар шароити бо суръати баланд тағйирёфтаистодаи муҳити иқтисодй

онҳо бояд донишҳои умумиро оид ба иқтисодиёти оила, фирма

(корхона), давлат ва иқтисодиёти ҷаҳонӣ аз худ карда, маҳорати мутобиқ

шудан ва самаранок фаъолият карданро дошта бошанд.

Дар доираи омӯзиши фанни асосҳои иқтисодиёт ба масъалаҳои ташаккул

додани тафаккури иқтисодии хонандагон аҳамияти махсус

дода мешавад. Бо назардошти ин, таълими фанни мазкур имрӯз қисми

таркибӣ ва муҳими таҳсилоти миёнаи умумӣ маҳсуб меёбад. Робитаи

мутақобили фанни асосҳои иқтисодиёт бо математика, технологиям

иттилоотӣ, таърих, география ва асосҳои давлат ва ҳуқуқ ба хонандагон

имконияти фаҳмиши комилан мувофиқро оид ба ҷаҳони муосир фароҳам

меоварад.

Илми муосири иқтисодй - илми хеле мураккаб ва ташаккулёфтаистода

маҳсуб ёфта, ба моделсозии математикии равандҳои иқтисодй

такя мекунад. Бо истифода аз ин китоб хонандагон донишҳои базисии

иқтисодиро дарёфт карда, минбаъд ба таври доимй дар заминаи сарчашмаҳои

иттилоотии мавҷуда савияи донишҳои худро пурра мекунанд ва

бо кордонй ба ҳодисаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсӣ баҳо дода, озодона ба

тамоюлҳои навини бозор сарфах;м мераванд ва имкониятҳои онро барои

беҳтар намудани некӯаҳволии худ истифода мекунанд.

Ин китоб ба хонандагон имкон медиҳад, ки Донишҳои базисиро оид

ба мафхумҳои асосии иқтисодиёти бозорӣ, механизми рақобат, шаклҳои

ташкили бизнес, ташаккулёбии даромадҳои аҳолӣ, буҷети давлатӣ ва бисёр

дигар ҳодисаҳои иқтисодӣ аз бар карда, дар бораи чи гунагии ҷиҳати

иқтисодии ҳаёт ва дар инкишофи худ ба кадом қонуниятҳо тобеъ будани

он тасаввуроти умумӣ дошта бошанд. Китоби мазкур дар асоси дастовардҳои

навини илми иқтисодӣ ва таҷрибаи ҷаҳонӣ таҳия шуда, нисбати

дигар китобҳои дарсй аз мафхумҳои кӯҳнаи идеолога ва ақидаҳои мутлақ

нисбати ҳодисаҳои иқтисодй озод буда, муаллифон кӯшиш намудаанд,

таълимоти муҳимтарини иқтисодиро ба хонандагон бо лафзи сода

пешниҳод намоянд.

Китоб инчунин бо мақсади пайдо кардани тасаввуроти муайян оид

ба паҳлуҳои мухталифи иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити

гузариш ба иқтисоди бозорӣ ва ҷаҳонишавии ҳаёти иқтисодй таҳия

шуда, барои хонандагони синфи 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи

умумӣ пешниҳод мешавад.

Quoi de neuf dans la dernière version 1.0

Last updated on Sep 3, 2018

Minor bug fixes and improvements. Install or update to the newest version to check it out!

Chargement de la traduction...

Informations Application supplémentaires

Dernière version

Demande Асосхои иктисодиет (синфи 11) mise à jour 1.0

Telechargé par

Frederick Chandra

Nécessite Android

Android 4.0+

Voir plus

Асосхои иктисодиет (синфи 11) Captures d'écran

Charegement du commentaire...
Langues
Recherche en cours...
Abonnez-vous à APKPure
Soyez le premier à avoir accès à la sortie précoce, aux nouvelles et aux guides des meilleurs jeux et applications Android.
Non merci
S'inscrire
Abonné avec succès!
Vous êtes maintenant souscrit à APKPure.
Abonnez-vous à APKPure
Soyez le premier à avoir accès à la sortie précoce, aux nouvelles et aux guides des meilleurs jeux et applications Android.
Non merci
S'inscrire
Succès!
Vous êtes maintenant souscrit à notre newsletter.