Зиндаги баъд аз марг icône

1.0 by Китобхои Исломи


Feb 15, 2018

À propos de Зиндаги баъд аз марг

Baoni aҳvoli rӯzi қiomat

Зиндагӣ баъд аз марг

Ташвиқ бар анҷоми аъмоли шоиста ва барҳазар аз аъмоли ношоиста.

Даъват ба тавбаи насуҳ, пеш аз гузашти вақти он.

Бародарону Хоҳарони мусалмон!

Шумо ва хештанро ба тақво ва тарси ҳақиқии Аллоҳ тавсия медиҳам, зеро ки тақво сабаби наҷот ва беҳтарин тӯша дар дунё ва охират аст, рӯзе, ки инсон танҳои танҳост ва ҳеҷкас ва ҳеҷ чиз ҷуз амал ба дардаш намехурад, чунон чӣ Аллоҳи мутаъол мефармояд:

«Рӯзе, ки молу фарзанд нафъе намерасонанд, магар касе, ки бо қалби солим ба пешгоҳи Аллоҳ биёяд».

Ва ҳамчунин Аллоҳи мутаъол мефармояд:

«Ҳар нафс чашандаи марг аст ва ҷуз ин нест, ки дар рӯзи қиёмат подошатон ба шумо комил дода хоҳад шуд, пас ҳар кас, ки аз оташ (ҷаҳаннам) дур дошта ва ба биҳишт дароварда шуд, бе шак растагор шудааст ва зиндагонии дунё ҷуз мояи фиреб нест».

Инаст ҳақиқати марг баъд аз марг, марге, ки ба зудӣ ҳар кас аз мо онро хоҳад чашид, ғанӣ ва фақир, солиму мариз ва кӯчаку бузург ва раису зердаст, ҳеҷ кас аз марг наҷот нахоҳад ёфт, гар чӣ ба дуртарин нуқта, ё олитарин қулла, чуқуртарин дарра, фирор кунад. Аллоҳи мутаъол мефармояд:

«Ҳар ҷо, ки бошед, марг ба суроғи шумо хоҳад омад, агар чӣ дар қасрҳои шомиху устувор бошед».

Марг бо ин, ки падидаи мушаххас аст ва осораш намоён аст, яке аз печидатарин асроре башумор меравад, ки уқули донишмандон ва пажӯҳишгаронро ба ҳайрат андохта ва ононро гаранг кардааст.

Ҷавони солиму тандуруст ва қаҳрамони танумандеро, ки дар майдон паҳлавонӣ мекунад, мебинанд, ки ба пайкари беҷон мубаддал шудааст. Ҷисме, ки ҳеҷ ҳаракате надорад, он ҷавоне рафт ва он қуввату нерӯ аз байн рафт, ҳавос аз кор афтод, гӯшу чашм муъаттал шуд, забон гунг шуд, чӣ басо ӯ як олиму донишманд, адиби ширинсӯхан, пизишки моҳиру мухтареъи чирадаст бошад, аммо агар умр тамом шуд ва аҷал басар расад, ҳеҷ касе наметавонад пеши маргро бигирад. Аллоҳи ҳакиму тавоно мефармояд:

«Ҳар гоҳ аҷалашон фаро расад, на як лаҳза ақиб хоҳад рафт, на пеш».

Дили ғофил бикун тавба ки марг андар камин дорӣ

Машав аз ҳоли худ ғофил, ки ҷой зери замин дорӣ

Савори маркаби чӯбин агар қасри заррин дорӣ

Агар шоҳӣ агар дарвеш, агар мулки ҷаҳон дорӣ

Ҳазрати Авн бин Абдуллоҳ бин Утба бин Масъуд (р.з) болои минбар мерафт ва мефармуд: «Чӣ қадар зиёданд касоне, ки рӯзро оғоз карда, аммо ба поён намерасонанд, мунтазири фардоянд, аммо дарнамеёбанд, агар марг ва фаро расиданашро тасаввур кунед, ҳама орзӯҳо ва ғурурҳо бароятон талх хоҳад шуд».

"Эй мусалмонон ва дӯстдорони Аллоҳи мутаъол! Эй касоне, ки оқилу ҳушманд ҳастед ва сӯду зиёни худро дар ин ҷаҳон ташхис медиҳед, хушо ба саъодати шумо!

Аллоҳро шукру сипос бигӯед, ки ба шумо тавфиқ дод, роҳи рост ва сироталмустақимро бишиносед ва барои охират, ки зиндагии ҳақиқии ҳар кас аз онҷо шурӯъ мешавад, тӯша ҷамъ кунед.

Аз Аллоҳ битарсед ва чунон, ки бояд тақво пеша кунед ва дар ҳоли пинҳону ошкор ӯро дар назар дошта бошед.

Бандагони Аллоҳ! Аз ҳазрати Маъоз бин Ҷабал (р) ривоят аст, ки фармуд: Расули Аллоҳ (с) фармуданд:

«Касе охирин суханаш «Ло илоҳа иллалоҳ бошад, дохили биҳишт мегардад». (ривоят аз Абӯдовуд аст).

Ва дар муснади имом Аҳмад омадааст: «бар ӯ биҳишт воҷиб мегардад».

Аз ҳазрати Ҷобир (р) ривоят аст, ки Паёмбари Аллоҳ (с) фармуданд:

"Ҳеҷ касе аз шумо намирад, магар ин, ки ба Аллоҳи Азза ва Ҷалла гумони нек дошта бошад". (ривоят аз Муслим аст).

Ибни Масъуд (р) мефармояд: «لَيسَ لِلمُؤمِنِ راحةٌ دُونَ لِقاءِ الله", «мӯмин ҷуз ба лиқои Аллоҳ ором намегирад».

Оре, бародарони мусалмон! Касе нест, ки аз ҳисоби он рӯз дар амон бошад, ҳама бояд подоши аъмоли хубу бади худро бубинанд, пас ҳама бояд аз азоби охират битарсанд.

«Аммо касоне, ки бадбахт шуданд, пас дар оташ (дӯзах) анд, барои онҳо дар он нолаву фарёд аст, дар он ҷовидона хоҳанд монд, то осмону замин (боқӣ) аст, магар он чӣ Парвардигорат бихоҳад, бегумон Парвардигорат он чӣ бихоҳад анҷом медиҳад. Аммо касоне, ки хушбахт (ва саъодатманд) шуданд, пас ҷовидона дар биҳишт хоҳанд монд, то осмону замин(боқӣ) аст, магар он чӣ парвардигорат бихоҳад, атоест қатъношуданӣ».

Quoi de neuf dans la dernière version 1.0

Last updated on Feb 15, 2018

Minor bug fixes and improvements. Install or update to the newest version to check it out!

Chargement de la traduction...

Informations Application supplémentaires

Dernière version

Demande Зиндаги баъд аз марг mise à jour 1.0

Nécessite Android

4.1 and up

Voir plus

Зиндаги баъд аз марг Captures d'écran

Charegement du commentaire...
Recherche en cours...
Abonnez-vous à APKPure
Soyez le premier à avoir accès à la sortie précoce, aux nouvelles et aux guides des meilleurs jeux et applications Android.
Non merci
S'inscrire
Abonné avec succès!
Vous êtes maintenant souscrit à APKPure.
Abonnez-vous à APKPure
Soyez le premier à avoir accès à la sortie précoce, aux nouvelles et aux guides des meilleurs jeux et applications Android.
Non merci
S'inscrire
Succès!
Vous êtes maintenant souscrit à notre newsletter.