Иктисоди бозоргони (синфи 9) icône

1.0 by Китобхои фаннии точики


Jul 3, 2018

À propos de Иктисоди бозоргони (синфи 9)

Iktisodi bozorgoni (Xingfu 9)

Хонандагони азиз! Тӯли даҳ соли охир Ҷумҳурии тозаистиқлоли Тоҷикистон

ба муносибатҳои бозаргонӣ рӯй овардааст, ки ин раванд бебозгашт

аст. Ба ҳамаи камбудию норасоиҳои ҷузъӣ нигоҳ накарда, иқтисодиёти

Ҷумҳурӣ аз вазъи бӯҳрон тадриҷан раҳо гардида, собитқадамона ба

сӯи ояндаи худ равон аст. Ин оянда мавриди танзиму идораи оқилона,

фаъолияти ташаббускоронаю судманди соҳибкорӣ, истифодаи боғайратонаву

ҳамаҷонибаи захираҳои мавҷуда, дар амал татбиқ намудани усулу

шаклҳои пешқадами хоҷагидорй,зиндагонии нисбатан осоиштаву некӯаҳволии

баланди дилхоҳро барои сокинони мамлакат муҳайё гардонида, бо

ҳамин васила имкон медиҳад, ки халқи тоҷик дар миқёси тамаддуни башарӣ

мавқеи намоёнро ишғол намояд.

Муаллифони китоб ақида доранд, ки ояндаи неку дурахшони ҳар як

мамлакату миллат ба фаъолияти илмомӯзию меҳнатии ҷавонону наврасони

имрӯза сахт пайванд аст. Ҷомеаи минбаъдаи ҷаҳонӣ аз ҳама пеш равишҳои

дилхоҳи иқтисодиро ба миён оварда, танҳо бо ҳамин шарт дар

ривоҷу равнақи тамаддуни минбаъда ҳиссагузор хоҳад буд. Аммо асосҳои

илми иқтисодиро наомӯхта, марому равиши ҳаёти иқтисодии мардумонро

некбинона ба роҳ намонда, ба натиҷаҳои дилхоҳи иқтисодию иҷтимоӣ

ноил гардидан аз имкон берун аст. . Китоби мазкур аз чор фасли ба ҳам

пайванд иборат мебошад.

Фасли аввал, ки /ба маънидоди иқтисоду маром ва равиши омӯзиши иқтисодӣ, ҳодисахои

аввалину нахусгишза поягии илми иқтисодй, ба таври мушаххас ба

тасвир оварда шудаанд. Дар ин қисмат хонандагон мояи тадқиқи иқтисод,

услуби вай, мазмуни муносибатҳои иқтисодӣ, қувваҳои истеҳсолкунанда,

меҳнат, истеҳсолот, қувваи коргарӣ ва монанди инҳоро аз худ мекунанд.

Дар ин поя онҳо ба омӯзиши равишҳои намоёни иқтисодиёт омода мешаванд.

Дар фасли дуюм бошад, ба масъалаҳои иқтисодиёти хурд, ба монанди

истеҳсолоти молӣ, неъматҳо, арзиш, нарх, пайдошавии пулҳо, бозор, унсурҳои

марказию таркибии вай, арзаю тақозо, нархи бозорй, қонунҳои

талаботу пешниҳодот, амали механизми бозор, хусусиятҳои хоси бозорҳои

сармоя, меҳнат, захираҳои табиӣ, маводи истеъмол ва хадамот, маснуоти

ақпонӣ, моликият ва хусусигардонии корхонаҳои давлатӣ, тарзу усулҳои

идоракунии корхонаҳои мухталиф, нақши давлат дар иқисодиёт ва дигарҳо

маънидоду баррасӣ карда шудаанд.

Фасли сеюми китоб ба таснифи масъалаҳои намоёну ҷолиби иқтисоди

бозаргонӣ аз ҷумла: шаклҳои рақобати комилу нокомил дар шароити бозор;

монополияҳо-корпоратсияҳои байналмилалй; хароҷоти истеҳсолот,

фоида ва тақсимоти он; муайян кардани нуқтаи безарарии корхона; ташаккули

нархҳои бозорӣ ва намудҳои нарх; муносибатҳои иқтисодии соҳаи

кишоварзй оид ба истифодаи пурсамари замин, рента нархи замин ва монанди

инҳо бахшида шудааст.

Фасли чоруми китоб ба омӯзиши масоили макроиқтисод нигаронида

шудааст. Дар ин фасл масъалаҳои намоёни иқтисодиёт дар миқёси тамоми

ҷомеа, аз ҷумла натиҷаҳои фаъолият дар иқтисодиёти миллӣ, шарҳи

муҳимтарин нишондиҳандаҳои иқтисодӣ-маҳсулоти умумии миллӣ, маҳсулоти

умумии дохилӣ, даромади миллӣ, молия, муомилоти пулҳо, буҷети

давлат ва ҳукуматҳои маҳаллӣ, даромаду хароҷоти онҳо, беқурбшавии пул,

андозҳо, биржаҳо, тиҷорати ҷаҳонӣ, содироту воридот, ҳамгироии иқтисодй,

тақсимоти байналхалқии меҳнат, муаммоҳои иқтисодии умумибашарӣ

ва фаъолияти соҳибкорй маънидоду шарҳ ёфтаанд.

Мо умедворем, ки хонандагон оид ба ҳусну қубҳи китоби мазкур фикру

мулоҳизаҳои худро ба суроғаи зайл ирсол намоянд: шаҳри Душанбе,

кӯчаи Деҳотӣ, 12/2, Донишгоҳи давлатӣ тиҷорати Тоҷикистон.

Chargement de la traduction...

Informations Application supplémentaires

Dernière version

Demande Иктисоди бозоргони (синфи 9) mise à jour 1.0

Nécessite Android

4.0 and up

Voir plus

Quoi de neuf dans la dernière version 1.0

Last updated on Jul 3, 2018

Minor bug fixes and improvements. Install or update to the newest version to check it out!

Voir plus

Иктисоди бозоргони (синфи 9) Captures d'écran

Articles populaires dans les dernières 24 heures

Charegement du commentaire...
Recherche en cours...
Abonnez-vous à APKPure
Soyez le premier à avoir accès à la sortie précoce, aux nouvelles et aux guides des meilleurs jeux et applications Android.
Non merci
S'inscrire
Abonné avec succès!
Vous êtes maintenant souscrit à APKPure.
Abonnez-vous à APKPure
Soyez le premier à avoir accès à la sortie précoce, aux nouvelles et aux guides des meilleurs jeux et applications Android.
Non merci
S'inscrire
Succès!
Vous êtes maintenant souscrit à notre newsletter.