Одоби муошират ва рузгордори (синфи 8-9) icône

1.0 by Китобхои фаннии точики


Aug 9, 2018

À propos de Одоби муошират ва рузгордори (синфи 8-9)

Odobi muoshirat va ruzgordori (Xingfu 8-9)

Хонандагони азиз! Асосгузори сулҳу вахдати миллӣПешвои

миллат, Президснти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам

Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бахшида ба муҳокимаи

лоиҳаи Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар

таълиму тарбияи фарзанд» таъкид карда буд, ки дар шароити

кунунӣ ва муносибатҳои нави иҷтимоӣ, дар замони инкишофи

босуръати техника ва технологияи нав, «дар шароити

ҷаҳонишавӣ моро зарур аст, ки на танҳо тарҳи тарбия, инчунин,

тарҳи таълимро ба таври куллӣ таҷдиди назар намоем...

Вале дар ин раванд ҳифзи анъанаҳои миллӣ ва тарбияи

фарзандон дар рӯҳияи эҳтироми фарҳангу тамаддуни миллӣ

ва арзишҳои волои он бояд дар мадди аввал қарор гирад».

Дар робита бо ин таъкиди сарвари кишвар хотиррасон

бояд сохт, ки дар

даврони Истиқлолияти

давлатии

Тоҷикистон сиёсати

кишвари мо

дар соҳаи маориф

дар асоси дастовардҳои

навтарини

илми ҷаҳонӣ барои

таълими насли

наврас ва тарбияи

ахлоқи ҳамида ва рукнҳои волои он, чун ростӣ, эҳсон,

шафқат, сидқу вафо, саховату каромат ва амсоли он равона

шуд. Дар ин зимн бо сарварии Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам

Эмомалӣ Раҳмон бо такя ба таълимоти ниёгон, баҳрабардорӣ

аз арзишҳо ва муқаддасоти дигари миллию умумибашарӣ

комёбиҳои назаррасе дар таълиму тарбияи ҷавонон

ба даст омаданд, ки боз ҳам рушд бахшидани онҳо вазифаи

муқаддаси ҳар як фарди ҷомеаи муосири мост.

Хдмчунин қобили қайд аст, ки фарҳанги куҳанбунёди

тоҷик дар тӯли таърих дар тамоми шаклҳое, ки зуҳур кар-

дааст, ҳамеша тарбияи ахлоқии инсонро ҳадафи нахустип

қарор додааст. Аз ин ҷост, ки дар «Авасто» - бузургтарин

маъхази хаттии фарҳанги маънавии ниёгони мо шиорн

«Пиндори нек, гуфтори нек, кирдори нек» ҷавҳари тарбияи

инсонро ташкил медод. Дар асрҳои миёна ҳам гузаштагони

мо мабдаъҳои шабеҳи онро ривоҷ додаанд: ҳадафи таълимот

оид ба инсони комил, ки маҳсули афкори донишмандони

асримиёнагии мост, маҳз тарбияи инсони соҳиби ахлоқи

ҳамида, пиндор, гуфтор ва рафтори наку будааст. Истифода

аз ин дастовардҳои ниёгонамон ва таълимоти дигари

фарҳанги ҷаҳонӣ ва ба шароити замони муосир мутобиқ

сохта истифода кардани онҳо дар таълиму тарбияи насли

наврас он қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди равшандил аст.

Тарбияи ахлоқи ҳамида

ва рафтори шоистаи

шахс аз овони кӯдакӣ

оғоз мешавад. Оила ва

волидайн дар ин раванд

нақши асосиро мебозанд.

Минбаъд зимоми

тарбияро дар якҷоягӣ бо

оилаву волидайн муассисаҳои

томактабӣ, мактаб

ва ҷомеа дар умум ба даст мегиранд. Бо суханони дигар,

тарбия равандест, ки муттасил буда, гусастагии як ҳалқаи

он тамоми ин занҷирро халалдор месозад. Аз тарафи дигар,

тарбия бояд тамоми паҳлуҳои ҳаёти наврасон - омӯзиши

хислату сифатҳои шоиста, одоби рафтору муносибат, аз

ҷумла муоширати некуро дар тамоми ҳолатҳои ҳаёти шахсию

ҷамъиятии онҳо фаро гирад. Илова бар ин, омода кардани

насли наврас барои ҳаёти мустақилона ва рӯзгордорӣ

низ як ҷанбаи муҳимми таълиму тарбияи умумии ҷавонон

аст.

Бо дар назардошти аҳамияти масъалаҳои дар боло зикршуда

дар даврони истиқлолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

иши— ниважз

санадҳои ҳуқуқӣ ва барномаҳои зиёде қабул ва амалӣ шуда

истодаанд. Қонуни сирф миллии мо «Дар бораи масъулияти

падару модар дар таълиму тарбняп фарзапд», кп бо икдоми

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳгарам Эмомалп Раҳмон

дар соли 2011-ум қабул шуд, сиёсати давлаги моро барои

тарбияи кӯдакон ва ҷавонон

боз ҳам бешгар мугаваҷҷеҳ

кард. Амалӣ сохтани пн Қопун

ва санадҳои дигари дар боло

зикршуда ҷидду ҷахди якҷояи

тамоми табақаҳои ҷомеа,

кулли сохторҳои он ва пеш аз

ҳама, мактабро тақозо мекунад. Ба роҳ мондани таълими

фанни «Одоби муошират ва рӯзгордорӣ» дар муассисаҳои

таҳсилоти умумӣ як қадаме барои дастёбӣ ба ин ҳадаф ва

амалӣ сохтани сиёсати давлат дар тарбияи ҷавонони муосир

аст. Дар омӯзиши ин фан барои ҳамаи шумо, хонандагони

азиз, муваффақият орзу мекунам.

Quoi de neuf dans la dernière version 1.0

Last updated on Aug 9, 2018

Minor bug fixes and improvements. Install or update to the newest version to check it out!

Chargement de la traduction...

Informations Application supplémentaires

Dernière version

Demande Одоби муошират ва рузгордори (синфи 8-9) mise à jour 1.0

Telechargé par

Klon Narakorn

Nécessite Android

Android 4.0+

Voir plus

Одоби муошират ва рузгордори (синфи 8-9) Captures d'écran

Charegement du commentaire...
Langues
Recherche en cours...
Abonnez-vous à APKPure
Soyez le premier à avoir accès à la sortie précoce, aux nouvelles et aux guides des meilleurs jeux et applications Android.
Non merci
S'inscrire
Abonné avec succès!
Vous êtes maintenant souscrit à APKPure.
Abonnez-vous à APKPure
Soyez le premier à avoir accès à la sortie précoce, aux nouvelles et aux guides des meilleurs jeux et applications Android.
Non merci
S'inscrire
Succès!
Vous êtes maintenant souscrit à notre newsletter.