Розхои Оиладори icône

13 by Китобхои Исломи


Oct 11, 2018

À propos de Розхои Оиладори

китоби оила бо забони точики

https://vk.com/kitobhona

https://ok.ru/group/53630571643013

Дар айёми тифлӣ моро волидайн, наздикон шӯхикунон мегуфтанд: тезтар калон шав, то ормони дил бишканем, тӯятро бихӯрем, дар хурсандият шарик шавем. Аммо айёми кӯдакӣ дар шарму ҳаё ғутида, мегуфтем: Не, ман калон шавам, шӯ намекунам, ё не, ман калон шавам мехонам, зан намегирам. Боз ҳам калонтарон мегуфтанд: Ҳоло калон шав, баъд зора мекунӣ, ки духтари фалониро ба ман гирифта диҳед, ё фалон хостгорро ҷавоби рад надиҳед. Ва хандаву қоҳ-қоҳ заданҳояшон то дер гоҳ дар гӯшҳоямон садо медод ва чанд муддат мекӯшидем давру бари калонтарон наравем, то мабодо аз он шӯхиҳои нофорам карда, моро дар обу арақи шарм нағутонанд. Вобаста ба ҷинси тифлон шӯхиҳо низ тағйир мекарданд. Писарро мегуфтанд зан гиру духтарро ташвиқ мекарданд, ки зудтар калон шуда бо як «обрӯи муҳаммадӣ» шавҳар кун! Албатта суханони эшон саропо шӯхӣ буд, аммо дар он синну соли кам мо ба ин чизҳо сарфаҳм намерафтем ва мегуфтем тамом, акнун моро ҳам аз хона бадар мекунанд ва аз оғӯши гарми волидон маҳрум мешавем. Чун медидем, ки касе шавҳар мекард, аз хонаи падар берун мешуд ва ё зан мегирифт, дигар он писари эркатулфори хонадон набуд. Ба ӯ ҳамчун марди хона, масъули хона менигаристанд. Ба духтар низ ҳамин гуна гарон буд. Вақте дар хонаи дугонаҳоям ё ҳамсояҳоямон келин мефуроварданд, ҳама оҳи сабук мекашиданд, ки ана, як дасти кумаки дигар ҳам пайдо шуд. Хусусан дугонаҳоям аз хурсандӣ ҷойи нишаст намеёфтанд: келин дорем, чӣ ғам дорем?

Аз ин мо хулоса мекардем, ки бо издивоҷ кардан, худро ба як дарёи бетаги ранҷу азоб, заҳмату машаққат, дарду фироқ мепартоем. Яъне, мо аз кӯдакӣ дар зеҳнамон издивоҷро як чизи нохушоянд ва дарди сар мепиндоштем. Фикр мекардем, бо издивоҷ кардан, рӯйи ҳамаи шириниҳои ҳаёт хати батлон мекашем. Бехабар аз он ки агар издивоҷ, бобарору комёб бошад, яке аз омилҳои пешрафти ҳаёти инсон мегардад.

Бо вуҷуди ҳама «намехоҳам»-ҳо, вақте инсон бузург мешавад, хоставу нохоста рӯйи мавзӯи издивоҷ тамаркуз мекунад. Чунки ғаризаи инсонии мо ингуна сохта шудааст, ки пас аз ба балоғат расидан, ниёз ба як ҳамнафасе, рафиқи роҳе пайдо мекунем. Шахсеро дар паҳлуямон мехоҳем, ки бо ними нигоҳ моро дарк кунад, дар ғаму шодиямон ҳамроҳ бошад, такягоҳамон бошад, ба ҳарфи диламон гӯш карда, хостаҳоямонро то ҳадди тавону имкон бароварда созад. Аз ин рӯ нохудогоҳ ба масоили издивоҷ рӯбарӯ мешавем, ки дар хурдӣ онро инкор мекардем, албатта аз рӯйи нофаҳмию бехабарӣ. Вале акнун ба ин масъала нигоҳи дигаре дорем. Яъне, мехоҳем. Мехоҳем, ки издивоҷ кунем.

Ҳар як нафар орзу дорад, ки издивоҷи муваффақ ва зиндагии шоиставу ширин дошта бошад. Издивоҷ як хостаи табиӣ буда, аз неъматҳои бузурги илоҳӣ ба ҳисоб меравад. Заношӯӣ чун риштаи осмониест, ки дилҳоро ба ҳам пайванд ва фикру андешаи парокандаву гуногунро ба як мақсади асосӣ, яъне, оила равона месозад. Дар издивоҷ ду шахси дар гузашта аз ҳам бегона бо ҳам наздику қарин ва ҳамдаму ҳамнафас мегарданд. Ҳатто, ин наздикӣ дар баъзе ҳолатҳо ба дараҷае мерасад, ки зану шавҳар худро нимаи ҳамдигар мешуморанд. Ҳаётро бе ҳам тасаввур карда наметавонанд.

Издивоҷ ва зиндагии якҷоя ба тайёрии ҳамаҷониба ва маълумоти кофӣ ниёз дорад. Ҳар чӣ қадар ин омодагиву иттилоот камтар бошад, ҳамон андоза мушкилоту масъалаҳои ин зиндагӣ ҳам зиёдтар мешаванд.

Оиладорӣ кори осон нест, балки рамзҳое дорад, ки ҳар кас ба онҳо шинос бошад, метавонад ҳамсарашро мутобиқи орзуҳояш роҳнамоӣ намуда, ӯро ба як ҷуфти дилхоҳу идеалӣ, ҳатто, ба як фаришта табдил диҳад.

Барои зиндагии хубу шоиста доштан, лозим аст, ахлоқу одоби ҳамсарро пурра омӯхта, аз тамоми орзуву омол ва хостаҳои нафсонии ӯ огоҳ шавад ва аз рӯи ин хостаҳо барномаи оиларо роҳандозӣ кунад. Ба воситаи ахлоқу рафтори писандидаи худ чунон дар назди ҳамсараш обрӯву нуфӯз пайдо кунаду дилашро ба даст оварад, ки ӯ ба хонаву зиндагиаш дилгарм шуда, аз рӯи ишқу муҳаббат зиндагӣ кунад.

Quoi de neuf dans la dernière version 13

Last updated on Oct 11, 2018

Minor bug fixes and improvements. Install or update to the newest version to check it out!

Chargement de la traduction...

Informations Application supplémentaires

Dernière version

Demande Розхои Оиладори mise à jour 13

Telechargé par

Muhammad Ahza

Nécessite Android

Android 4.1+

Voir plus

Розхои Оиладори Captures d'écran

Charegement du commentaire...
Langues
Recherche en cours...
Abonnez-vous à APKPure
Soyez le premier à avoir accès à la sortie précoce, aux nouvelles et aux guides des meilleurs jeux et applications Android.
Non merci
S'inscrire
Abonné avec succès!
Vous êtes maintenant souscrit à APKPure.
Abonnez-vous à APKPure
Soyez le premier à avoir accès à la sortie précoce, aux nouvelles et aux guides des meilleurs jeux et applications Android.
Non merci
S'inscrire
Succès!
Vous êtes maintenant souscrit à notre newsletter.