À propos de Суруд ва мусики (синфи 1)

Суруд ва мусики (синфи 1)

Тавре ки ба ҳамагон маълум аст, сурудхонӣ мусиқӣ ва назмро бо ҳам

мепайвандад. Суруд барои мактаббачагон аз дигар навъҳои жанрҳои

мусиқӣ дастрасу осонфаҳм аст, бинобар ин онҳо сурудхониро дӯст медоранд,

бо шавқу ҳавас месароянд ва бо ин роҳ ҳиссиёти худро баён

месозанд.

Суруди хуб хонандагонро ба худ ҷалб ва шавқи онҳоро зиёд мекунад.

Хонандагон ба воситаи суруд тарзи талаффузи дурусти ҳарфҳо, ҳиҷоҳо

ва калимаву ибораҳоро ёд мегиранд ва нутқашон равон мегардад. Аз

ин рӯ бар дӯши омӯзгори мусиқӣ масъулияти ниҳоят бузург гузошта

шудааст, ки мактаббачагонро дӯстдори суруду мусиқӣ гардонад; ба

онҳо малакаҳои одитарини сароиданро омӯзонад; дар дили хонандагон

ҳисси ватандӯстӣ, эҳтироми волидону омӯзгор ва дӯст доштани табиату

ҳайвонотро бедор созад.

Ҳадафи китоби мазкур низ дар ҳамин аст, то дар ин самт кори

омӯзгорони сурудро осон гардонад.

Дар китоб 25 суруд ҷой дода шудааст, ки 17-тои он бо нақарот суруда

мешавад. Сурудҳо дар андоза ва созу лаҳнҳои мухталиф тарҳрезӣ

шуда, зарбу усулашон рангин аст.

Диапазони сурудҳо барои хонандагони синфи як мувофиқ буда,

сохти оҳанги сурудҳо сода аст. Вазни шеъру мусиқӣ ба ҳам тавъам

ва худи сурудҳо хушоҳангу хотирмонанд. Бештари ибораҳои мусиқӣ

(мисраъҳои шеър низ) дутақтеиянд, ки дар мавриди аз ёд намудан

мушкиле пеш намеорад. Яъне, шакли содаи оҳанг, хушобурангу пуртаъсир

будан ва шӯхии он ҳатто хонандагони шармгин ва беҷуръатро

низ ба сурудхонӣ ҳавасманд мекунад.

Дар китоб доир ба ҳар як суруд мазмуни барномавӣ ва дастурҳои

методӣ, ки кори омӯзгоронро як қадар осон мегардонад, тавсия намудаем.

Дар дастурҳои методӣ роҳи осони омӯхтани сурудҳоро ба хонандагон

нишон дода, порчаҳои алоҳидаро доир ба ҷойҳои мушкилсарои

сурудҳо бомисолҳонишондодаем. Омӯзгор бояд пешаз ёддоданиинё он

суруд тавсияҳои методиро худаш хуб омӯзад ва сипас ба омӯзонидани

асарҳо шурӯъ кунад. Маводи тавсияшуда барои беҳгардонии сифати

сарояндагӣ, инкишофи шунавоии мусиқӣ аҳамияти калон дорад.

Шунавоии садои баланди мусиқии бисёре аз хонандагони синфи

5

якум кам инкишоф ёфтааст, инчунин тарзи дур ■- «: э'.: : ни онҳо

ташаккул наёфтааст. Бинобар ин омӯзгорон бояи ' ки дар

шакли ритмикаи сурудҳо бо як нота (овоз) тавснч _ бештар

диққат диҳанд, то ки хонандагон бо овози баланд? ~ : нагуфта,

зӯр назада) сурудро сароянд. Ин ҷо нафасгирии : : -. ндагй

низ аҳамияти калон дорад. Ҳамчунин дар мавриди :. - _ : ҳар як

ибораи суруд мебояд нафаси чуқур гирифт ва ҳара:- :: • .:; - н ибора

(фраза) дар як нафас суруда шавад.

Марҳалаи мушкилтарин дар пайдо намудани мал::- : чндагй

ҷиҳати таъсирбахшии иҷрои суруд кор бурдан аст: ҳан : . дхонӣ

бурро талаффуз намудани ҳар як калима; ҳиҷоҳои дар : тзқтеъ

омадаро бо зарба (аксент) ҷудо намудан ва хусусияти т::: : - ■ дани

сурудро ба хонандагон ёд додан. Ҳамзамон хусусияти :::: ;иқй,

ҳамбастагии он бо суханро хонандагон бояд дарк кунанд 1 - : :р ин

баёни симои матни шеърй (назмй) яке аз омилҳои муҳин:::: - . таъсирбахш

сароидани суруд мебошад.

Дар қатори суруду мусиқии композиторони шинохта Мир:: * -; Атоев,

Қудратулло Яҳёзода, Ҷӯрахон Обидпур ва Абдураҳмо:- 7 : _ :тов,

дар китоб сурудҳои композиторони ҷавон Парвина Соҳибсн: Нззира

Ҳамдамова, Ҷамила Рустамова, Ворис Абдураҳмонов ва Т. А:-:: : низ

дохил карда шудаанд, ки равону дилнавоз ва ҷавобгӯи замонанд.

Дар соли хониш бояд 18 суруд аз бар карда шавад. Боқй 7 сут-д дар

китоб замима шудааст, ки дар баъзе мавридҳо бо хоҳиши омӯзгор

мувофиқи мавзӯъ ба ҷойи яке аз сурудҳои ҳатмй истифода шуданзшон

мумкин аст.

Азбаски сурудсарой ба аксарияти хонандагони синфи якум бори аввал

омӯзонида мешавад, омӯзгор вазифадор аст, ки қоидаҳои одитаринро

доир ба ин фан ба хонандагон фаҳмонад; дар мавриди нишаста

ё рост истода суруд хондан китфҳоро набардошта, озод нигоҳ доранд;

равону форам сароянд ва ба овози худ бештар гӯш андозанд; ҳангоми

сурудхонй ҳиҷову ҳарфҳо бурро талаффуз карда шавад; сурудро таъсирбахшу

самимӣ сароянд.

Chargement de la traduction...

Informations Application supplémentaires

Dernière version

Demande Суруд ва мусики (синфи 1) mise à jour 1.0

Telechargé par

Nsreen Najm

Nécessite Android

Android 4.0+

Voir plus

Quoi de neuf dans la dernière version 1.0

Last updated on Sep 20, 2018

Minor bug fixes and improvements. Install or update to the newest version to check it out!

Voir plus

Суруд ва мусики (синфи 1) Captures d'écran

Articles populaires dans les dernières 24 heures

Charegement du commentaire...
Langues
Recherche en cours...
Abonnez-vous à APKPure
Soyez le premier à avoir accès à la sortie précoce, aux nouvelles et aux guides des meilleurs jeux et applications Android.
Non merci
S'inscrire
Abonné avec succès!
Vous êtes maintenant souscrit à APKPure.
Abonnez-vous à APKPure
Soyez le premier à avoir accès à la sortie précoce, aux nouvelles et aux guides des meilleurs jeux et applications Android.
Non merci
S'inscrire
Succès!
Vous êtes maintenant souscrit à notre newsletter.