Суруд ва мусики (синфи 4) icône

1.0 by Китобхои фаннии точики


Jul 11, 2018

À propos de Суруд ва мусики (синфи 4)

Surud wa Música (Xingfu 4)

Шукри истиқлол, ки бо қадами муборакаш ба ҷумҳурии мо дар ҳама соҳаҳои

зиндагӣ имкониятҳои васеъ ва баҳри сайқали истеъдоду лаёқат заминаҳои мусоид

фароҳам овард. Бо назардошти ин падидаи муҳим мо тасмим гирифтем,

ки омӯзиши фанни суруд ва мусиқиро дар сатхи дигар ва шакли нав барои

хонандагон ба рох монем, зеро мусиқӣ ба инсон дар ҳама лаҳзаҳои зиндагӣ

мунису хамдам буда, ба ӯ қуввату дармон мебахшад.

Мусиқӣ дар хаёти инсон нақши муҳим дорад. Ҳеҷ як ҷашн ва иду айём бе

мусиқӣ баргузор намешавад. Суруди шодию нишот ба кас рӯҳи тозаву илҳоми

нав мебахшад ва дар ҳолатхои душвор мусиқӣ инсонро ба зиндагӣ дилгарм

месозад ва ба роҳи рост хидоят мекунад. Омӯзиши зебоиву нафосат ва тарбияи

зебоишиносии хонандагон, рушди зебопарастӣ ва ташаккули маърифатнокиву

фархангшиносии онхо низ аз фанни суруд ва мусиқй вобаста аст.

Чунон ки аз Консепсияи миллии таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд,

ҷомеаи хукукбунёду демократӣ ба фарохам овардани муҳит ва шароити

мусоид бахри инкишофи шахси солиму ташаккулёфта ва аз ҷиҳати маънавию

ҷисмонӣ обутобёфта нигаронида шудааст.

Саводи мусиқӣ асоси зебопарастӣ ва дарки ҳиссу эҳсосоти инсонӣ буда,

ягон фарди ҷомеа набояд аз ин илм бебаҳра монад. Ба воситаи дарси мусиқӣ

хонандагон дар мавзӯъхои гуногун шеърҳо аз бар намуда, ҳисси меҳру

мухаббаташонро нисбат ба волидайн, устодон, олами набототу ҳайвонот зиёдтар

ва ифтихори ватану ватандориашонро фузунтар месозанд. Тавассути

шеъру мусиқӣ хонандагон метавонанд хушохангии шеъру шеърхонӣ ва равонию

ширинии забони модариро хубтару беҳтар дарк намоянд.

Дар китобе, ки дар даст доред, 16 суруд гирд оварда шудааст, ки хусусият ва

зарбу усулҳояшон гуногунанд. Ҳамчунин дар интихоби сурудҳо хусусиятхои

синнусолӣ ва зина ба зинаазхудкуниву пешравӣ дар ин самт ба назар гирифта

шудааст. Сурудхо гуногунмазмун буда, дар васфи модару омӯзгор, кишвару

Ватан ва дар васфи баҳору зебоиҳои он, тасвири манзарахои нотакрори табиати

сарзамини биҳиштосои мо офарида шудааст. Як қатор сурудҳои дигар ба

ин ё он ҷашн, ки хисси хештаншиносии толибилмонро бедор месозад, бахшида

шудааст.

Бо мақсади омӯзиш ва тахлили мавзӯъҳои зикргардида суруд ва мусиқии

композиторони хушсалиқа Зиёдулло Шаҳидӣ, Хайрулло Абдуллоев, Миратулло

Атоев, Ҷӯрахон Обидпур, Қудратулло Яҳёзода ва дигарон интихоб шудаанд.

Мусиқии сурудҳо хушохангу дилнавозанд, ки аз сурудани онҳо пеш аз хама

худи хонандагон ҳаловат мебаранд. Дар китоб сурудхое оварда шудаанд, ки

вазни шеъру мусиқӣ бо ҳам мутобиқ буда, оҳангашон равону гӯшнавоз аст.

Ин аст, ки аз бар намудани онҳо барои хонандагон ягон мушкилие пеш намеорад

Магни сурудҳо низ баландмазмуну оммафаҳм аст ва зуд дар хотири

толибилмон нақш мебанданд.

Таълими фанни суруд ва мусиқӣ омӯзгорро вазифадор менамояд, ки барои

инкишофи хаматарафаи малакаи хонандагон, мусиқидонии онҳо аз

имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, дарсҳои мусиқиро аз ҷиҳати методӣ

дуруст ва шавқовар ташкил намояд.

Талаботи омӯзиши фанни суруд ва мусиқӣ талаб менамояд, ки:

• шунавоии мусиқавӣ ва ҳис кардани ритм мунтазам инкишоф дода шавад;

• дарки хуби маҳорати сарояндагии хонандагон сайқал дода шавад;

• тарбияи ташаккули овозии хонандагонро таъмин намояд;

• баҳри рушди сифатҳои хуби овозхонӣ, аз қабили овози мулоим, форам,

ҷарангосӣ ва хиссиёти сарояндагии хонандагон бештар диққат дода шавад;

• ба дарки мазмуни шеър, талаффузи дуруст ва буррои калимаҳо эътибори

ҷиддӣ дода шавад.

Дар соли хониш мувофиқи соатҳои ҷудошуда бояд 9 суруд аз бар карда шавад.

7 суруди боқимонда дар китоб замима шудааст, ки дар баъзе мавридҳо

мувофиқи мавзӯъ, аз рӯйи диди омӯзгор ба ҷойи яке аз сурудҳои ҳатмӣ истифода

шуданаш мумкин аст.

Азбаски дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ ба омӯзиши забонҳои англисӣ ва

русӣ эътибор дода мешавад, лозим донистем, ки аз синфи чор cap карда, дар

китоб яктоӣ суруд бо забонҳои англисӣ ва русӣ ҷой дих,ем. Омӯзгори суруд

метавонад бо ҳамроҳи омӯзгорони забонҳои англисӣ ва русӣ ин сурудҳоро ба

хонандагон омӯзонад.

Quoi de neuf dans la dernière version 1.0

Last updated on Jul 11, 2018

Minor bug fixes and improvements. Install or update to the newest version to check it out!

Chargement de la traduction...

Informations Application supplémentaires

Dernière version

Demande Суруд ва мусики (синфи 4) mise à jour 1.0

Nécessite Android

4.0 and up

Voir plus

Суруд ва мусики (синфи 4) Captures d'écran

Charegement du commentaire...
Recherche en cours...
Abonnez-vous à APKPure
Soyez le premier à avoir accès à la sortie précoce, aux nouvelles et aux guides des meilleurs jeux et applications Android.
Non merci
S'inscrire
Abonné avec succès!
Vous êtes maintenant souscrit à APKPure.
Abonnez-vous à APKPure
Soyez le premier à avoir accès à la sortie précoce, aux nouvelles et aux guides des meilleurs jeux et applications Android.
Non merci
S'inscrire
Succès!
Vous êtes maintenant souscrit à notre newsletter.