Шарҳи Суннат icône

1.0 by Китобхои Исломи


Feb 16, 2018

À propos de Шарҳи Суннат

Kitob sharh Sunnat bo zaboni Tochiki (toҷikӣ)

Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим

Сипосу ситоиш барои Аллоҳ, ки моро ба дини Ислом ҳидоят намуд ва ба он бар мо миннат ниҳод. Ва моро дар беҳтарин уммат берун овард, пас Ӯро мепурсем, ки барои он чи ки дӯст медораду розӣ мешавад, моро тавфиқ диҳад ва аз он чи ки бад мебинаду ба ғазаб меояд, моро нигаҳ дорад.

Бидонед, ки ба ростӣ Ислом ҳамон Суннат ва Суннат ҳамон Ислом аст, яке аз ин ду бедигарияш қоим намешавад.

Ва асосе, ки бар он ҷамоат бино карда мешавад, онон асҳоби Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ҳастанд, Аллоҳ ҳамаи ононро раҳмат намояд, ва онон аҳли суннат ва ҷамоатанд, пас касе динашро аз онон нагирад, пас ба ростӣ гумроҳ шуда ва бидъаткорӣ кардааст ва ҳамаи бидъат гумроҳӣ аст.

Умар ибни Хаттоб разияллоҳу анҳу мегӯяд: Шахсе гумроҳиеро ҳидоят пиндошта анҷом додааст, барояш узр нест ва на ҳидоятеро, ки гумроҳӣ пиндошта тарк кардааст. Пас, ба ростӣ умур баён карда шуда ва ҳуҷҷат собит шуда ва узр қатъ шудааст. Ва ин ба хотири он аст, ки Суннат ва ҷамоат ҳамаи амри динро муҳкам кардаанд ва барои мардум баён шуд, (ки ҳамаи кори дин лозим гирифтани суннат ва ҷамоат аст) пас бар мардум пайравӣ кардан лозим аст.

Бидон, Аллоҳ туро раҳмат кунад, ба дурустӣ Дин аз ҷониби Аллоҳ таборак ва таъоло омадааст, бар ақлҳову андешаҳои мардон гузошта нашудааст ва илми Дин назди Аллоҳ ва расули Ӯст, пас чизеро ба хоҳиши нафсат пайравӣ макун, аз дини Ислом хориҷ мешавӣ. Ба дурустӣ бароят ҳуҷҷате нест, Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам Суннатро барои умматаш баён карда ва барои асҳобаш возеҳ гардондааст ва онон ҷамоат ва саводи аъзам ҳастанд. Ва саводи аъзам ҳақ ва аҳли он аст. Пас, касе асҳоби Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва салламро дар чизе аз амри Дин мухолафат кунад, пас ба ростӣ кофир мешавад.

Ва бидон, албатта мардум ҳаргиз бидъатеро эҷод накардаанд, то ки ҳамонанди он суннатеро тарк кардаанд, пас аз корҳои ҳаром ҳазар кун. Ба ростӣ ҳар пайдошуда бидъат аст ва ҳамаи бидъат гумроҳӣ аст ва гумроҳию аҳли он дар оташ аст.

Аз бидъатҳои хурд парҳез кун, пас ба ростӣ бидъатҳои хурд гашта-гашта бузург мешавад. Ва инчунин ҳар бидъате, ки дар ин уммат пайдо шуд, дар ибтидо хурду шабеҳи ҳақ буд. Касе ба ин мағрур шуда дар он ворид шуд, сипас аз он баромада натавонист. Пас он бидъат бузург шуда, онро дин қарор дода мешавад. Пас роҳи мустақимро мухолифат намуда аз Дин хориҷ мешавад.

Пас, назар кун, Аллоҳ туро раҳмат кунад, ҳар суханеро, ки хоссатан аз аҳли замонат мешунавӣ, пас шитоб макун ва дар чизе аз он ворид машав, то ки бипурс ва назар кун! Оё дар он мавзӯъ ягон асҳоби Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам, ё ягон олим сухан кардааст? Агар асаре аз онон дар ин мавзӯъ ёфтӣ, пас ба он чанг зан ва барои чизе аз он магузар ва бар он чизеро ихтиёр макун, пас (дар ғайри ин сурат) дар оташ меафтӣ.

Ва бидон, Аллоҳ туро раҳмат кунад, исломи шахс комил намешавад, то ки пайрав, тасдиқкунанда, таслим-шуда бошад. Касе гумон кунад, ки чизе аз амри Дин боқӣ мондааст, асҳоби Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва сал-лам онро ба мо нарасонидаанд, пас ба ростӣ ононро дурӯғгӯ намудааст. Ва ин аз рӯи тафриқаангезӣ ва бар онон таъна задан басанда аст, пас ӯ мубтадиъ, гумроҳу гумроҳкунанда аст, дар дини Ислом чизе овардааст, ки аз ҷумлаи он нест.

Бидон, Аллоҳ туро раҳмат кунад, дар ақида қиёс нест ва барои он масал зада намешавад ва дар он хоҳишоти нафсро пайравӣ карда намешавад, балки он тасдиқи осори Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам бекайфияту бешарҳ додан (ба маънои ботил) аст ва гуфта намешавад: Чаро ва чӣ гуна?

Пас, илми калом, хусумат, баҳсу мунозира ва шакку шубҳа пайдошуда аст, дар дил шакро меафрӯзад, агарчи соҳибаш ҳаққу суннатро дарёбад.

Ва бидон, Аллоҳ туро раҳмат кунад, дар зоти Парвардигори таъоло сухан кардан пайдошудааст, он бидъату гумроҳӣ аст. Дар Зоти Парвардигор сухан карда намешавад, магар ба он чизе, ки дар Қуръон барои Худаш васф намудааст ва Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам барои асҳобаш баён намудааст. Пас Ӯ ҷалла саноуҳу ягона аст «Монанди Ӯ чизе нест ва Ӯ шунавову биност».

Сураи Шӯро, ояти: 11

Quoi de neuf dans la dernière version 1.0

Last updated on Feb 16, 2018

Minor bug fixes and improvements. Install or update to the newest version to check it out!

Chargement de la traduction...

Informations Application supplémentaires

Dernière version

Demande Шарҳи Суннат mise à jour 1.0

Nécessite Android

4.1 and up

Voir plus

Шарҳи Суннат Captures d'écran

Charegement du commentaire...
Recherche en cours...
Abonnez-vous à APKPure
Soyez le premier à avoir accès à la sortie précoce, aux nouvelles et aux guides des meilleurs jeux et applications Android.
Non merci
S'inscrire
Abonné avec succès!
Vous êtes maintenant souscrit à APKPure.
Abonnez-vous à APKPure
Soyez le premier à avoir accès à la sortie précoce, aux nouvelles et aux guides des meilleurs jeux et applications Android.
Non merci
S'inscrire
Succès!
Vous êtes maintenant souscrit à notre newsletter.