40 Хадиси Набави icône

5.022 by Китобхои Исломи


Jan 20, 2018

À propos de 40 Хадиси Набави

Kitob bo zaboni Tochiki Chil Khadisov Nabavi (en Nawawī)

https://vk.com/kitobhona

https://ok.ru/group/53630571643013

Чил ҳадиси набавӣʺ фишурдаи ҳадисҳое мебошанд, ки пояҳои асосии дини исломро баён менамоянд ва онҳо асосан аз матни китобҳои ʺСиҳоҳи ситтаʺ гирифта шудаанд. Китоб барои доираи васеъи хонандагон, хусусан наврасону ҷавонон, ҳамчун воситаи муҳими тарбияи ахлоқи ҳамида тақдим мешавад.

Он чизҳоеро, ки Пайғамбар барои шумо (аз аҳкоми илоҳӣ) овардааст иҷро кунед. Ҳашр, 59:7.

Ситоиш Худойро, ки Парвардигори оламҳост; Барподорандаи замину осмонҳо, тадбиркунандаи ҳамаи махлуқот; Фиристонандаи пайғамбарон, алайҳиму-с-салоту ва-с-салом, ба сўйи оқилон барои роҳнамоӣ кардани онҳо ва баён намудани роҳҳои дин бо далелҳои қатъӣ ва бурҳонҳои равшан. Ўро барои ҳамаи неъматҳояш ситоиш мекунам ва аз Ў фазлу карами беандоза талаб менамоям. Ва шаҳодат медиҳам, ки саййиди мо Муҳаммад банда ва пайғамбари Ўст, ҳабибу халили Ўст, беҳтарини махлуқот аст, ки (бар вай) Қуръони азиз, ки мўъҷизаест бардавом дар гузашти солҳо ва суннати дурахшандаро барои роҳҷуён арзонӣ доштааст. Дуруду саломи Худо бар вай ва бар ҳамаи анбиё ва мурсалин ва бар олашон ва бар ҳамаи некўкорон бод!

Аммо баъд: Мо аз (ёрони пайғамбар, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам, ба монанди) Алӣ ибни Абўтолиб ва Абдуллоҳ ибни Масъуд ва Муъоз ибни Ҷабал ва Абўдардо ва Ибни Умар ва Ибни Аббос ва Анас ибни Молик ва Абўҳурайра ва Абўсаъид ал-Худрӣ, разия-л-Лоҳу Таъоло анҳум, аз роҳҳои бисёр ба ривоятҳои гуногун ривоят кардем, ки пайғамбари Худо, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам, гуфт:

«Ҳар ки бар уммати ман чил ҳадисро, ки дар умури дини уммат бошад, нигоҳ дорад, рўзи қиёмат ўро Худо дар ҷумлаи фақеҳону олимон барангезад».

Ва дар ривояти дигар:

«Худо ўро фақеҳу олим барангезад».

Ва дар ривояти Абўдардо (омадааст, ки пайғам-бари Худо, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам, гуфт):

«Рўзи қиёмат барои ў шафоатхоҳ ва гувоҳ бошам». Ва дар ривояти Ибни Масъуд:

«Барои ў гуфта шавад: аз ҳар кадом дари биҳишт, ки хоҳӣ, дохил шав».

Ва дар ривояти Ибни Умар:

«Дар зумраи олимон сабт шавад ва дар гурўҳи шаҳидон ҳашр гардад».

Нахустин касеро донистаам, ки дар ин (роҳ) тасниф кардааст, Абдуллоҳ ибни Муборак (имоми маъруфу машҳур) мебошад; сипас Муҳаммад ибни Аслами Тусӣ – донишманди худошинос аст, сипас ал-Ҳасан ибни Суфёни Насоӣ ва Абўбакри Оҷарӣ ва Абўбакр Муҳам-мад ибни Иброҳими Исфаҳонӣ ва ад-Доруқутнӣ ва ал-Ҳоким ва Абўнаъим ва Абўабдурраҳмон ас-Суламӣ ва Абўсаъид ал-Молинӣ ва Абўусмон ас-Собунӣ ва Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ал-Ансорӣ ва Абўбакр ал-Байҳақӣ ва мардумони бешуморе (дигар) аз мутақад-димин ва мутааххирин.

Ба хотири пайравӣ кардан аз ин имомони машҳур ва ҳифзкунандагони ислом дар ҷамъ овардани чил ҳадис аз Худои Таъоло мадад ҷустам.

Ба дурустӣ ки олимон бар ҷоиз будани истифодаи ҳадиси заиф дар фазоили аъмол иттифоқ кардаанд, бо вуҷуди ин эътимоди ман бар ин (қабил) ҳадис нест, балки эътимодам бар сухани пайғамбар, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам, дар ҳадисҳои саҳеҳ аст:

«Бигузор, ҳозирони шумо ин гуфтаҳои маро ба ғоибон бирасонанд». [Саҳеҳи Бухорӣ, китоби илм, ҳадиси 105].

Ва сухани пайғамбар, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам:

«Худо касеро хушнуду сарсабз гардонад, ки сухани маро шунида бошад, пас онро дар ёд нигоҳ дорад, пас ҳам-чунон ки шунидааст, ба дигарон бирасонад». [Сунани Тирмизӣ, китоби илм, ҳадиси 3658].

Сипас аз олимон касоне буданд, ки чил (ҳадис)-ро дар усули дин, баъзеи онҳо дар фурўъ, баъзеи онҳо дар ҷиҳод, баъзеи онҳо дар зўҳд (парҳезгорӣ), баъзеи онҳо дар адаб ва баъзеи дигар дар хутба гуфтан ҷамъ кардаанд ва ҳамаи онҳо ниятҳои некў доштанд; Худо аз қосидони ин корҳо хушнуд бод.

(ЧИЛ ҲАДИСИ НАБАВӢ 40 ҲАДИСИ НАБАВӢ 40 хадисов Ан-Навави точики китоб китоби точики точик точикистон таджикистан таджик хадис хадисхо Яҳё ибни Шарафуддин ан-Нававӣ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ИНСТИТУТИ ШАРҚШИНОСӢ ВА МЕРОСИ ХАТТӢ)

Quoi de neuf dans la dernière version 5.022

Last updated on Jan 20, 2018

Minor bug fixes and improvements. Install or update to the newest version to check it out!

Chargement de la traduction...

Informations Application supplémentaires

Dernière version

Demande 40 Хадиси Набави mise à jour 5.022

Telechargé par

Moile Pubg

Nécessite Android

Android 4.1+

Voir plus

40 Хадиси Набави Captures d'écran

Charegement du commentaire...
Langues
Recherche en cours...
Abonnez-vous à APKPure
Soyez le premier à avoir accès à la sortie précoce, aux nouvelles et aux guides des meilleurs jeux et applications Android.
Non merci
S'inscrire
Abonné avec succès!
Vous êtes maintenant souscrit à APKPure.
Abonnez-vous à APKPure
Soyez le premier à avoir accès à la sortie précoce, aux nouvelles et aux guides des meilleurs jeux et applications Android.
Non merci
S'inscrire
Succès!
Vous êtes maintenant souscrit à notre newsletter.