500 хадис icône

1.2 by Китобхои Исломи


Oct 3, 2018

À propos de 500 хадис

Панчсад ҳадис бо забони точики

БА НОМИ ХУДОВАНДИ ҶОНУ ХИРАД

Туро донишу дин раҳонад дуруст,

Раҳи растагорй бубояд-т ҷуст.

Агар дил нахоҳи ки бошад нажанд,

Нахоҳӣ ки доим бувй мустаманд,

Ба гуфтори пайғамбарат роҳ ҷӯй,

Дил аз тирагиҳо бад-ин об шӯй.

Абулқосими Фирдавсӣ

Эй Расули ман, мардумро ба сӯи Худои худ бо ҳикмат ва мавъизаи некӯ даъват кун ва бо беҳтарнн роҳи даъват бо онон мунозара кун.

(Куръон, сураи Наҳл, ояти 125)

Дар ҳадисе Пайғамбар (дуруд бар ӯ) фармуда, ки «ҳар чиз бар асли худ бозгарданда аст». Ва аз саодати башар аст, ки ин ҳақиқат пеш аз ҳама бар ӯ ҷорист ва ҳар гоҳ ки аз фитнаву ошӯб ва парешонбозиҳои таърих то ҳадди гирифториҳову маҳрумиятҳо мерасад ва гавҳари асли азалии ӯ хира мешаваду ҷамъияташ ба парешонй моил мегардад, боз ба ҷустуҷӯи асли хеш мепардозад, то мақоми сазовори худро дар олами вуҷуд дарёбад. Рӯзгоре ки мо ба сар мебарем, чунин як

марҳалаи таърихи башар аст, ки инсон дар тамоми олам хаставу дилгиру фиребхӯрда аз чандин навъ таълимоту ақидаҳои ноустувору шубҳанок ва гаронбору безор аз ҳазор гуна хурофот, озурда аз ихтироъоти ғайри инсонй чун асбоби қатли ом ва чандин гуна фисқу фуҷури ҳайвони ба сӯи обишхури поку мусаффо бо лаби хуншору дили хуншор аз ташнагӣ мехазад, то худро наҷот бидиҳад. Имрӯз инсоният ва аз ҷумла ҷомиаи мо дарёфт, ки бузургтарин илм ахлоқ аст, зеро агар ҳама чиз дар дунё барои камоли инсон бошад, пас шарифтарин илм ҳам илми ахлоқ аст, ки ҳадафи росташ инсон ва инсонгарӣ мебошад.

Дар ҳар давру замон бузургтарнн соҳибони ин илм паёмбарон буданд, ки баъд донишмандону суханварони ҳаким пандҳои ишонро бо зеботарин пирояҳо ороста, ба такрор ба мардум талқин намудаанд ва бо завқи онҳо дар ҳар замоне созгор сохтаанд.

Панду андарзҳое, ки аз Пайғамбари ислом Муҳаммад (дуруд бар ӯ) нақл шуда ва ба унвони «Ҳадис» машҳуранд, дар аҳкоми шариат баъди фармудаҳои Қуръони маҷид, яънй камоли Худованд мартаба доранд, ва аз бунёди ойини ислом то кунун истифодаву риоят шуда, дар тамоми зиндагии бошууронаи ҷамоаи исломи нуфузи бузурге кардаанд. Дар мавриди аҳкоми шариат, фиқҳ (қонунҳои ислом) ҷои сухан нест, аммо адабиёт, аз ҷумла адабиёти форс-тоҷик, ки дар рӯи дунё бо ғояҳои башардӯстй ва хирадпарварӣ машҳуру мояи ибрат аст, аз фармудаҳои Паёмбари ислом (дуруд бар ӯ) бисёр баҳра гирифтааст ва шоиру нависандае нест ки аз ин бенасиб монда бошад. Аз ҷумла, шояд ҳақ бошем бигӯем, ки биҳтарин намунаи шеъри инсонпарварӣ дар олам, қитъаи машҳури шайх Саъдӣ, ки дар поён оварда мешавад, назми ин ҳадиси Пайғамбар аст: «Мӯъминон дар дӯстӣ ва тараҳҳум бар якдигар чун аъзои пайкаранд (бадананд): вақте яке ранҷур шавад, дигарон ҳам дар бехобиву таби он ширкат (ҳамроҳй) мекунанд».

Банӣ Одам аъзои як пайкаранд.

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор...

Дар ҳадиси дигар Паёмбар (дуруд бар ӯ) мефармояд: «Биҳишт дар зери қадами модарон аст».

Ҳаким Низомӣ ин ҳадисро чунин назм кардааст:

Ҷаннат, ки ризои мо дар он аст,

Дар зери қудуми модарон аст.

Хулоса, агар боз ҳам биҷӯем, бо кори бепоёне сар ба сар мешавем аммо кӯтоҳаш ин аст, ки бузургтарину биҳтарин офаридаҳои маънавии суханварону ҳакимони форс тоҷик бар дастури Қуръон ва фармудаҳои

Паёмбар асос ёфтаанд, зеро ин бузургворон ба инсон панду андарз хонданро саҳл намегирифтанд ва дар баробари ин кор масъулияти азимеро иҳсос менамуданд. Аз ин ҷост, ки аллома Иқбол мефармояд:

Шеърро мақсуд агар одамгарист,

Шоирӣ ҳам вориси Пайғамбарист.

Аз ин ҷониб ҳам таъкид зарур аст, ки кори нақл ва истифодаи ҳадис бисёр нозук буда, масъулияти бузург дорад, зеро замон то замон дахолате дар миёни гуфтаҳои Пайғамбар роҳ ёфта, шумораи ҳадисҳо аз андоза берун рафта буд ва олимони бузурге низ чун Исмоили Бухорӣ ба сара кардани ҳадисҳои ростин (саҳиҳ) аз марфуъ (бофта) махсус машғул шудаанд. Аз ин рӯст, ки ин ҳамватани бузургвори мо дар олами ислом ба номи Саҳиҳи Бухорӣ низ машҳур аст.

Quoi de neuf dans la dernière version 1.2

Last updated on Oct 3, 2018

Minor bug fixes and improvements. Install or update to the newest version to check it out!

Chargement de la traduction...

Informations Application supplémentaires

Dernière version

Demande 500 хадис mise à jour 1.2

Telechargé par

Mahmoud Kahke

Nécessite Android

Android 4.0+

Voir plus

500 хадис Captures d'écran

Charegement du commentaire...
Langues
Recherche en cours...
Abonnez-vous à APKPure
Soyez le premier à avoir accès à la sortie précoce, aux nouvelles et aux guides des meilleurs jeux et applications Android.
Non merci
S'inscrire
Abonné avec succès!
Vous êtes maintenant souscrit à APKPure.
Abonnez-vous à APKPure
Soyez le premier à avoir accès à la sortie précoce, aux nouvelles et aux guides des meilleurs jeux et applications Android.
Non merci
S'inscrire
Succès!
Vous êtes maintenant souscrit à notre newsletter.